Технологияи бозиҳои педагогӣ дар рушди салоҳиятҳои хонандагон дар ҷараёни таълими системаҳои ҳисобкнига
-
Авторы:
Комилиён Ф.С.,
Тағоев Ш.Х.,
Комилӣ А.Ш.
-
Год издания:
2019
-
Место издания:
ҶДММ "Ганҷи хирад" Душанбе
-
Объём:
160 страниц
(10,0 печатных листов)
-
ISBN:
978-99975-356-3-4
-
Тираж:
660 экз.
-
Учебное пособие, имеющее гриф
-
Учебно-методическая литература
-
Гриф Минобрнауки
-
Аннотация:
Китобчаи мазкур ба сифати дастури таълимии иловагӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ барои хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия карда мешавад. Дар он аз боби истифодаи технологияи бозиҳои педагогӣ дар рушди салоҳиятҳои хонандагон дар ҷараёни таълими яке аз мавзӯъҳои доманадори китоби дарсии технологияи иттилоотӣ – системаҳои ҳисоб сухан меравад. Барои болобарии дониши хонандагон роҷеъ ба мавзӯи мазкур ҳамчунин ба онҳо аз таърихи ададҳо, системаҳои ҳисоби тамаддунҳои гуногун ва истифодаи технологияи бозиҳо дар баргардони ададҳо аз як системаи ҳисоб ба системаи ҳисоби дигар низ иттилоот пешкаш карда мешавад.
Ҳадаф аз рӯйи коғаз овардани ин дастур аз пешкаш намудани як тарзи ташаккулдиҳии фаъолнокии хонандагон ҳангоми азхудкунии мавзӯи дарсӣ бо истифода аз технологияи бозиҳо иборат аст, ки он бевосита ба масъалаи муносибати босалоҳият ба таълим рабт дорад. Тарзи баёни мавзӯи интихобшуда хонандагонро водор месозад, ки онҳо дар раванди омӯзиш, азхудкунӣ ва истифодаи системаҳои ҳисоб доимо фаъол бошанд ва ин хосиятро пайваста дар худ рушд диҳанд.
Аз маводи мазкур ҳамчунин метавонанд бакалавриатҳо, магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни ихтисосҳои информатика, низоми иттилоотӣ, техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ, амсиласозии математикӣ ва компютерӣ, автоматикунонӣ ва идоракунӣ, таърихи илму техника ва умуман кулли муҳаққиқони ихтисосҳои самти илмҳои техникиву технологӣ, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи системаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ машғуланд, ҳамчун манбаи иттилооти иловагӣ истифода баранд
-
Добавил в систему:
Комилиён Файзалӣ Саъдулло